Маҳсиҳо бо тамғаи Reebok аз Хуҷандро нагузоштанд, вориди Русия шаванд

Кормандони постгоҳи гумрукии Сургут ҳангоми назорати бағоҷи мусофирони ҳавопаймо аз шаҳри Хуҷанд 79 ҷуфт пойафзоли миллии маҳсиро ошкор кардаанд, ки бидуни риояи расмиёт интиқол дода шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Тибқи иттилои мақомоти гумруки минтақаи Тюмен, вазни маҳсиҳо қариб 15 килоро ташкил дода, онҳо бидуни расмиёти гумрукӣ ворид карда шудаанд. .
Сокини Тоҷикистон борро аз ватан бо бағоҷаш оварда, ҳеч санади гумуркиеро дар ин бора пур накардааст.
“Бо назардошти миқдор ва навъҳои гуногуни маҳсиҳои аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ интиқолёфта, кормандони гумрук ба хулоса омадаанд, ки ин пойафзолҳо на барои истифодаи шахсӣ ворид карда шудаанд”, - шарҳ дод сардори пости гумрукии Сургут Игор Галузин.
Галузин таъкид намуд, ки барои ворид кардани ин қадар бастаи мол, ки тиҷоратӣ дониста мешавад, шаҳрванди Тоҷикистон бояд декларатсияро барои мол пешниҳод мекард. Таъкид шудааст, ки шаҳрванди Тоҷикистонро инчунин зарур буд боҷи гумрукӣ пардохт кунад аммо мусофир инро рад кардааст
Хадамоти гумрук гуфт кадом маҳсулоти пастсифат ба Тоҷикистон бештар қочоқ мешавад
Ба иттилои манбаъ, инчунин, дар 78 ҷуфт маҳсӣ кормандони гумрук тамғаи тақаллубии Reebok пайдо кардаанд, ки хилофи қонун мебошад.
Таъкид шудааст, ки алайҳи мусофир инчунин ба далели истифодаи ғайриқонунии тамғаи молии шахси дигар ва пур накардани декларатсия парвандаҳои маъмурӣ ифтитоҳ шудаанд.
Зикр шудааст, ки дар бархе аз сомонаҳои тиҷории Сургут маҳсиҳо бо нархи 900 рубл ба фурӯш гузошта шудаанд.