Салима Шерова бинои бисёрошёна сохту чанд бинои дигарро таъмир намуд

Ҳукумати шаҳри Душанбе гуфт, имрӯз бо иштироки намояндагони шаҳрдорӣ ва соҳибкорон биноҳои навбунёди баландошёна мавриди истифода қарор дода шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Шаҳрдории Душанбе аз ободкории соҳибкор Салима Шерова дар пойтахт бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ тавсиф кардааст
Соҳибкорзани тоҷик, Салима Шерова дар кӯчаи Нусратулло Махсуми шаҳри Душанбе бинои бисёрошёна соохтааст, ки дорои 58 манзили истиқоматӣ мебошад.
Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, дар баробари сохтмони бинои мазкур ҳамзамон аз ҷониби соҳибкор таъмири биноҳои атроф ҳам амалӣ шудааст.
Манбаъ афзуд, дар ҳошияи тадбирҳои созандагӣ дар шаҳри Душанбе, дар суроғаҳои Зарафшон 222/1, 222/2 ва 222/3 низ 3 бинои ҷадиди истиқоматӣ бунёд шуда, барои таъмини сокинон бо манзили зист сохтмони чунин иншоот дар шаҳраку маҳаллаҳо замина фароҳам намудаанд.
Шаҳрдорӣ гуфт, ҳазорҳо бино дар Душанбе рангубор мешаванд: аз ҳисоби кӣ?
Бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо ҷойгиронии маркази савдо дар ошёнаи якум ва таваққуфгоҳи зеризаминӣ дар таҳхонаи он, воқеъ дар шахраки 84 ноҳияи Сино аз ҷониби ҶДММ “Тибби Суҳайб”, соҳибкор Абдураҳмон Баҳриддинов бунёд шудааст.
Қаблан шаҳрдории Душанбе эълон карда буд, ки бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлол дар пойтахт бунёди 21 мактаб барои 18 594 ҷойи нишаст, 74 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ, 24 сартарошхона ва кошонаи ҳусн, сохтмони 133 биноҳои баландошёна ва рангубори 2224 бино пешбинӣ шудааст.
Шаҳрдорӣ дар мавриди ҷамъоварии маҷбурии маблағ аз сокинон барои рангубори биноҳо изҳор дошт, ки ин амал ғайриқонунӣ буда, аз шаҳрвандон даъват намуд, алайҳи масъулине, ки чунин талаб мекунанд, ба шаҳрдорӣ муроҷиат кунанд. Мақомоти пойтахт эътироф карда буданд, ки маблағи буҷа барои таъмири ҳамаи беш аз 2 ҳазор бино намерасад ва тавзеҳ дод, ки бо дастгирии соҳибкорон ва афроди саховатпеша ин корро амалӣ хоҳанд кард.
Теъдоди биноҳое, ки ниёз ба таъмир доранд, ҳудуди 4 ҳазор адад арзёбӣ шуда буд.