Русия метавонад содироти бензинро маҳдуд кунад

Эҳтимол дорад, ки Русия содироти бензинро маҳдуд кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Ҳукумати Русия ният дорад бензинро ба рӯйхати молҳое, ки содироти он муваққатан маҳдуд карда мешавад, илова кунад, менависад Коммерсант.
Тавре расонаҳо мегӯянд, пас аз мулоқот бо муовини сарвазир Александр Новак, ки 21 апрел баргузор шуд, ба Вазорати энергетика супориш дода шуд, ки лоиҳаи санадҳоеро омода кунад, ки маҳдудияти муваққатии содироти "баъзе намудҳои маҳсулоти нафтиро" дарбар мегирад.
Гусев тавзеҳ дод, ки чаро Тоҷикистон бо камбуди бензин рӯбарӯ шудааст
Ба навиштаи рӯзнома, аз протокол бармеояд, ки ҳукумат бензинро ба рӯйхати молҳои муҳим барои бозори дохилӣ ворид мекунад, ки "дар ҳолатҳои истисноӣ, маҳдудиятҳои муваққатӣ ё манъи содирот муқаррар карда мешавад".
Новак дар моҳи ҷорӣ гуфт, ки Девони вазирон чораҳои маҳдуд кардани содироти бензинро баррасӣ мекунад.
Ноустувории бозори сӯхти Тоҷикистон: ронандаҳо бензини арзон мехоҳанду ширкатҳо имтиёз
Ба гуфти ӯ, ин иқдом барои ба эътидол овардани вазъи бозори дохилӣ дар давраи авҷи талабот мусоидат хоҳад кард, аммо ҳоло ба ин ниёзе нест.
Ин пешниҳодро қаблан Вазорати энергетика дастгирӣ карда буд.