Мулоқоти Расулзода бо Орипов: аз омодагиҳо ба сафари Мирзиёев то баррасии ҳамкориҳо

Зимни мулоқоти сарвазирон ба ниҳодҳои ваколатдор ҳарду ҷониб супориш дода шудааст, ки ҳарчи зудтар оид ба татбиқи имкониятҳои истифоданашуда байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон чораҳои таъҷилӣ андешанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik.Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, мулоқоти сарвазирони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Коҳир Расулзода ва Абдулло Орипов баргузор шуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ карданд, хабар додааст хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд.
Аз ҷумла, масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, савдо, сармоягузорӣ, саноат, тандурустӣ, маориф, энергетика, гумрук ва дигарҳо баррасӣ шуданд.
Тоҷикистону Ӯзбекистон дар масири Панҷакент - Булунғур/Ҷомбой роҳи оҳан месозанд
Таъкид гардид, ки дар доираи ҳадафҳои созанда ва умедбахши кишвардорони Тоҷикистону Ӯзбекистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар ба таври назаррас тақвият ёфтанд.
Сохта ва ба истифода додани иншооти мухталиф дар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бо иштироки ҳарду ҷониб гувоҳи равобити хуби ду кишвари дӯст аст.
Ӯзбекистон яке аз шарикони пешсафи иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳаҷми гардиши мол миёни ин ду кишвар дар соли 2020, 333,8 миллион доллари амрикоиро ташкил намуд, ки дар самти радабандии кишварҳои бо Тоҷикистон мубодилаи молу маҳсулотдошта, Ҷумҳурии Ӯзбекистон мавқеи сеюмро ишғол менамояд.
Зикр гардид, ки дар самти рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон 29 созишнома ва созишномаи нав дар бораи ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор доранд.
Ба ниҳодҳои ваколатдор супориш дода шуд, ки ҳарчи зудтар оид ба татбиқи имкониятҳои истифоданашуда байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон чораҳои таъҷилӣ андешанд.
Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон аз саҳми сафири Тоҷикистон дар рушди муносибатҳо гуфт
Сарфи назар аз натиҷаҳои бадастомада, зарурати афзоиши ҳаҷми мубодилоти тиҷории байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, сохтмони корхонаҳо ва коргоҳҳои истеҳсолӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохтани иншоот бо мақсадҳои гуногун таъкид карда шуд.
Зикр гардид, ки дар самти рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, 29 созишнома ва созишномаи нав дар бораи ҳамкорӣ мавриди баррасӣ қарор доранд.
Ба ниҳодҳои ваколатдор супориш дода шуд, ки ҳарчӣ зудтар оид ба татбиқи имкониятҳои истифоданашуда байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон чораҳои таъҷилӣ андешанд.
Расулзода ва Орипов омодагӣ ба сафари Мирзиёев ба Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд
Ҳамзамон, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон қаблан хабар дода буд, ки дан ин мулоқот Расулзода бо ҳамтои ӯзбекаш омодагиҳо ба сафари Шавкат Мирзиёв ба Тоҷикистонро баррасӣ мекунад.