Ғолиби озмун: талабаи тоҷик тракторе сохт, ки 9 корро анҷом медиҳад - видео

Дилшод Ойматов, хонандаи синфи 7 мактаби №14-и шаҳри Панҷакент, “Трактори ҳамакора” сохтааст, ки 9 намуди корро анҷом медиҳад
Sputnik
Талабаи синфи 7 аз шаҳри Панҷакент бо харҷи 30 ҳазор сомонӣ, камтар аз 3 ҳазор доллар, трактоти хурде сохтааст, ки корҳои зиёдро метавонад анҷом диҳад. Наврас, мегӯяд, бо ин ихтироъкорияш хост, хароҷоти хонаводаашро кам кунад, ки ҳамасола барои кишту заминкорӣ маблағи зиёд сарф менамояд.
Дар олимпиадаи техникони наврас дар вилояти Суғд, Ойматов дар ҳайати дастаи шаҳри Панҷакент сазовори яке аз 9 ҷойи ифтихорӣ гардидаст.
Таъкид шудааст, ки ин мини – трактор 9 намуди корро бо истифода аз дастгоҳҳои гуногун иҷро мекунад. Трактор аз ҷумла дастгоҳи ҳамворкунӣ, кофтани замин, сартиракгирак, сихмола, ҷӯягирак, фреза ё таҷҳизоти резакунӣ дорад.
Инчунин трактор ядаке дорад, ки то 1 тонна борро мекашад. Вазифаи трактори мазкур дар фосилаи кӯтоҳ ба кишт омода намудани заминҳои ҳаҷман хурд ва калон мебошад.