Пул надиҳӣ видеоятро паҳн мекунам: боздошти ду ҷавон дар Ашт барои тамаъҷӯӣ

Айни ҳол нисбат ба боздоштшудаҳо парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, онҳоро ҳукми зиндон таҳдид мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Ду сокини ноҳияи Ашти вилояти Суғд аз ҷониби кормандони милитсия бо гумони тамаъҷӯӣ дастгир карда шуданд.
Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ашт як сокини 31-солаи ҷамоати деҳоти Понғоз муроҷиат кардааст.
Зан гуфтааст, ки аз моҳи январи соли 2021 то инҷониб “Довар” ва “Равшед” ном шахсон, ӯро таҳдид кардаанд, ки гӯё дар нисфи шаб ба автомашинаи “Одил” ном шахс савор шуданашро ба навор гирифтаанд.
Зане дар Душанбе аз марди 62-сола бо таҳдиди бадномкунӣ пул ситонидааст
Бар асоси муроҷиати зан, ҷавонон барои паҳн накардани видео, аз зан 4 ҳазор сомонӣ талаб карданд.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ду ҷавони 20-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Понғозии ҳамин ноҳия, рӯзи 24 апрел, ҳангоми гирифтани 4 ҳазор сомонӣ дастгир карда шуданд.
Дар гузориш омадааст, ки алайҳи гумонбарон бар асоси моддаи 250 (Тамаъҷӯӣ) -и Кодекси ҷиноии ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, таҳқиқот идома дорад.