"Батарейка" - сурудхонии фарзандони Заифӣ бо русӣ дар Помир корбаронро тасхир кард - видео

Сурудхонии кӯдакон бо забони русӣ дар ноҳияи баландкуҳи Помири Тоҷикистон бисёре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоиро тасхир кардааст
Sputnik
Ду кӯдак, яке бо гитара ва дигаре бо қутии мошини дарздӯзӣ суруди машҳури “Батарейка”- ро иҷро кардаанд. Навор дар водии баландкӯҳи Ғунд сабт шуда, дар саҳифаи фейсбукии корбар Оятулло Асматуллоев нашр гардидааст.
Аз кӯдакон фарзандони Саши Заифӣ, барди тоҷик ном бурда мешавад, ки ӯ худаш низ бо забонҳои помирӣ, тоҷикӣ ва русӣ суруд мехонад. Заифӣ бо хонаводааш дар минтақаи дурдасти Помир - Ғунд иқомат дорад.
Cуруди “Батарейка” маҳсули эҷоди гуруҳи ҳунарии "Жуки" мебошад, ки соли 1991 ташкил шудаанд. Аммо ин сурудашонро, ки аз шинохтатарин осори эҷодиёташон мебошад, соли 1999 таҳия ва пешниҳоди омма карда буданд.
Бозхонии суруд аз ҷониби кӯдакон дар минтақаи дурдасти Ғунди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон писанди бисёре аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуда, то ҳол даҳҳо нафар онро бознашр кардаанд.