Дар Қазоқистон зидди чиниҳо ба тазоҳурот баромаданд

Муътаризони қазоқистонӣ бознигарии пешнависи қонӯн дар заминаи иҷораи дарозмуддати замин ба хориҷиҳоро хостор шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Шуморе аз мардуми Қазоқистон дар мухолифат бо сохти корхонаҳои муштарак бо Чин дар майдони марказии шаҳри Алмаато таҷаммуъи эътирозомез баргузор карданд.
Ба гузориши хабаргузории Форс, муътаризон дар ин тазоҳурот бо сохти корхонаҳои муштарак бо Чин дар Қазоқистон мухолифат ва пешниҳод карданд, ки корхонаҳои муштарак бо Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва кишварҳои аврупоӣ сохта шавад.
Дар Қазоқистон 13 нерӯгоҳи обӣ ва 39 обанборро сохта мешавад
Ин таҷаммуъ ба даъвати ҳизби сабти ном нашудаи Демократии Қазоқистон баргузор шуд ва мақомоти полиси шаҳри Алмаато талош карданд, Жанболат Мамай, раиси ин ҳизбро розӣ кунанд то ин таҷаммуъи эътирозиро поён диҳад, аммо вай аз ин кор худдорӣ варзид.
Муътаризони қазоқистонӣ бознигарии пешнависи қонӯн дар заминаи иҷораи дарозмуддати замин ба хориҷиҳоро хостор шуда ва таъкид кардаанд, ки дар рӯзҳои оянда низ ба эътирозоти худ идома медиҳанд.
Идораи кантроли беҳдошти Алмаато ҳам ба навбаи худ аз муътаризон хоста буд ин таҷаммуъро баргузор накунанд, зеро ҳамаи рӯйдодҳои умумӣ дар ин шаҳр ба далели вазъияти печидаи ҳамагирии корона мамнӯъ аст.