Лукашенко дар омода кардани сӯиқасд ба ҷонаш дасти хориҷиҳоро мебинад

Ӯ аз ҷумла хадамоти махсуси Амрикоро дар сӯиқасд ба ҷонаш муттаҳам медонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Президенти Белорус Александр Лукашенко дар пайи боздошти як гурӯҳ, ки ба омода кардани сӯиқасд ба ҷонаш муттаҳам мешаванд, нақшаи интиқоли қудратро дар ҳолати маргаш кашид.
Ӯ дар ин қазия дасти хадамоти махсуси ИМА мебинад ва мегӯяд дар байни боздоштшудагон шаҳрвандони хориҷӣ низ ҳастанд.
Ҳамин тавр, Лукашенко дар пайи ин иттиҳомоташ эълом дошт, ки ба зудӣ санадеро дар бораи интиқоли қудрат дар сурати марги ӯ ба ҳайси сарвари давлат имзо хоҳад кард.
Вай гуфтааст, ки ҳуҷҷати мазкур гузаштани қудратро пас аз марги президент ба Шӯрои амният пешбинӣ мекунад.
"Бигӯед, ки агар фардо президент набошад, шумо кафолат медиҳед, ки ҳамааш хуб хоҳад буд? Не. Бинобар ин, дар ин ҳолат ман фармонеро дар рӯзҳои наздик имзо мекунам. Агар фардо президентро парронидинад -Шӯрои Амният қудратро ба даст мегирад ", - гуфтааст Лукашенко.
Президенти кишвар илова кард, ки ин тағирот танҳо дар ҳолатҳои фавқулодда зарур аст.
Кишвар воқеан дар шакли Шӯрои Амният "президенти коллективӣ" хоҳад дошт ва сарвазир ӯро идора хоҳад кард.
"Вай раисӣ мекунад, аммо ҳама қарорҳо тариқи овоздиҳии пинҳонӣ гирифта мешаванд, то фишоре оварда нашавад", - таъкид кардааст президенти Белорус.
Путин аз тазоҳурот дар Белорус ва сӯиқасд ба ҷони Лукашенко гуфт
Ин тасмимро Лукашенко пас аз боздошти гурӯҳе, ки сӯиқасд ба ҷони президент ва фарзандонаш омода мекарданд, гирифтааст.