Давлати Афғонистон барои озодии зиндониҳои толибҳо шарт гузошт

Дар гузашта беш аз панҷ ҳазор зиндонии Толибон озод шуданд, аммо ҳеч натиҷае ҳосил нашуд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Мушовири амнияти миллии Афғонистон таъкид кард, танҳо дар сурати тавофуқи сулҳ ва оташбас дар бораи озодии зиндониёни Толибон бо ин гурӯҳ музокира мешавад.
Ҳамдуллоҳи Муҳиб ба хабарнигорон дар Кобул гуфт: Давлати Афғонистон барои ширкат дар Нишасти Истанбул омодагии комил дорад, аммо гурӯҳи радикалии Толибон (мамнӯъ дар Тоҷикистон) бо таъвиқи он нишон дод, ки ба раванди сулҳ мутааҳҳид нест.
Вай афзуд, дар гузашта беш аз панҷ ҳазор зиндонии Толибон озод шуданд, аммо ҳеч натиҷае ҳосил нашуд.
Гурӯҳи “Толибон” барои нишастан пушти мизи сулҳ боз шарт гузоштанд
Ҳамдуллоҳи Муҳиб бо ишора ба дархости Толибон барои озодии зиндониёни бештар таъкид кард:.
"Ба зудӣ ҳайъате аз Покистон вориди Кобул хоҳад шуд ва дар бораи масоили дуҷониба ва раванди сулҳ бо Толибон гуфтугу хоҳад кард", - гуфт вай.
Мушовири амнияти миллии Афғонистон афзуд: Низомиёни хориҷӣ пас аз тарки Афғонистон, таҷҳизоте ба арзиши 1 миллиард долларро ба давлати Афғонистон таҳвил медиҳанд.
Пеш аз ин расонаҳои ғарбӣ борҳо гуфта буданд, Амрико пеш аз хуруҷ аз Афғонистон бештари таҷҳизоту таъсисоти низомии худро тахриб хоҳад кард.