Муовини сарвазири Украина мулоқоти Путин ва Зеленскиро дар Маскав ғайриимкон хонд

Мақомоти Украина бар инанд, ки мулоқоти Путин ва Зеленский бояд дар қолаби Нормандия баргузор шавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 апр - Sputnik. Муовини сарвазири Украина ва ҳамзамон муовини роҳбари ҳайати ин кишвар дар гурӯҳи сеҷонибаи тамос бо Донбасс Алексей Резников дар бораи мулоқоти эҳтимолии президентҳо Владимир Путин ва Владимир Зеленский дар эфири барномаи "Свобода слова Савика Шустера". сухан гуфт.
Сиёсатмадори украинӣ гуфт, ки мулоқоти президентҳо дар Маскав ғайриимкон аст.
"Дар давраи ҷанг Зеленский наметавонад ба пойтахт рафта, бо шахсе мулоқот кунад, ки намояндаи кишвари таҷовузкор аст. Ба назари ман, ин як каме пешниҳоди аҷиб аст", - гуфт Резников.
Муовини сарвазири Украина қайд кард, ки дар якҷоягӣ бо роҳбарони Олмон ва Фаронса баргузор намудани мулоқот дар формати Нормандия мантиқӣтар хоҳад буд.
Қобили зикр аст, ки президенти Украина Владимир Зеленский ҳанӯз мулоқот бо Путинро шарҳ надодааст. Хотиррасон мекунем, ки моҳи январи соли 2015 Верховная Рада изҳороте қабул кард, ки дар он Русия "кишвари таҷовузкор" номида мешавад.
Равам ё наравам: Зеленский пешниҳоди Путинро барои мулоқот дар Маскав фикр мекунад
Маскав иттиҳомоти Киевро рад мекунад ва онҳоро ғайри қобили қабул медонад.
Даври охирини шиддат дар Донбасс дар охири моҳи марти соли 2021 рух дод. Ҳам дар байни низомиён ва ҳам дар байни мардуми осоишта маҷрӯҳ ва кушта шудаанд.
Украина ва Русия дар бораи ба марз кашидани нерӯҳо иттиҳоми мутақобила карданд. Вазъияти умумӣ шиддатнок арзёбӣ мешавад.