ДУШАНБЕ, 24 апр - Sputnik. Дафтари матбуотии Хадамоти марзбонии Қазоқистон дар бораи мушкилоти ҳамлу нақли бор хабар дод.
"Дар наздикии гузаргоҳи "Сирым", воқеъ дар марзи Қазоқистон ва Русия (вилояти Қазоқистони Ғарбӣ), бандмонии беш аз 350 мошини боркаш аз Ҷумҳурии Қазоқистон ба амал омадааст", - гуфтанд дар хадамоти марзӣ.
Сабаб бандмонии мошинҳо тақвияти чораҳои назорат аз ҷониби Русия гуфта мешавад.
Гуфта мешавад, ки чораҳо дар сарҳади Русия дар робита бо талабот барои пешниҳоди ҳатмии "гузаргоҳи технологӣ" барои муайян кардани ашё ва маводи мамнӯъ тақвият дода шуданд.
Раёсати марзбонии Қазоқистон тавзеҳ медиҳад, ки чунин вазъ дар минтақаи гузаргоҳи наздисарҳадии "Маштаков" -и Русия ба амал омадааст, ки дар он беш аз 400 мошин аз самти Русия ба Қазоқистон ҳаракаткунанда ҷамъ шудааст.