ДУШАНБЕ, 24 апр - Sputnik. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон Содиқ Имомиро ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Мулоқот ба анҷоми қарибулвуқӯи фаъолияти дипломатии сафир баргузор шудааст. Шавкат Мирзиёев зимни мулоқот бо дипломати тоҷик сатҳи олии муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягӣ ва шарикии Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро қайд кард.
Барои хидматҳои бузургаш дар расидан ба сатҳи олии муосири муносибатҳои дуҷониба ва саҳми шахсӣ дар рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба, президент сафир Содиқ Имомиро бо дипломи фахрии Ӯзбекистон сарфароз гардондааст.
Содиқ Имомӣ ба президенти Ӯзбекистон барои баҳо ва дастгирии баланд ба фаъолияти ӯ изҳори миннатдорӣ кард.
Дипломати тоҷик дар идома таъкид кардааст, ки дар оянда вай барои бечунучаро амалӣ намудани ҳадафҳо ва вазифаҳо барои таҳкими муносибатҳои бародаронаи ду кишвар ва мардум саъй хоҳад кард.