“Маҳрумтаринанд”: Вакил Ғаффорзода аз беақлҳое гуфт, ки пулдор шудаанд

Абдуҳалим Ғаффорзода, вакили парлумон ва раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон аз афроде гуфт, ки ҳанӯз ҳам худнамоию исрофкорӣ карда, қонуни танзимро нақз мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Абдуҳалим Ғаффорзода мегӯяд, қонун офаридан кори осон нест ва аз онҳое интиқод кард, ки меъёрҳои қонуни танзими расму оинро нодида мегиранд.
“Мутаассифона, ҳанӯз дар ҷомеа ашхосе ҳастанд, ки баъзе аз нуктаҳои қонуни мазкурро риоя намекунанд”, - изҳор дошт раиси Ҳизби сотсиалистӣ.
Ӯ таъкид намуд, ки қонун ҳамон вақт пурра мавриди амал қарор мегирад, ки онро аҳли ҷомеа аз рӯи ақлу хирад ва фаросат дарк намоянд. Ба навиштаи нашрияи парлумонии "Садои мардум", Ғаффорзода аз Бузургмеҳри Ҳаким иқтибос овард: “Қавонини ҷисм ҷон аст, қавонини ҷон ақл аст. Инсоне, ки хирад надошта бошад, агар ҳар чӣ қадаре ки молу сарват барояш муяссар гардад, ӯ маҳрумтарин инсон аст”.
Дастури Раҳмону қарори парлумон: пули ҷаримаҳо 600 сомонӣ зиёд шуд
Сулаймон Давлатзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон, низ дар парлумон тасдиқ кард, ки ҳанӯз ҳам баъзан шаҳрвандон ба исроф­корию зоҳирпарастӣ ва ташкили маъракаҳои зиёдатӣ роҳ медиҳанд.
“Ҳолати мазкур махсусан дар шароити густариши бемории COVID-19 боиси нигаронӣ буда, зарурати пешгирии қонунвайронкуниҳоро дар ин самт тақозо менамояд”, - изҳор дошт Давлатзода.

Раиси Кумитаи дин гуфт, бархе маъракаороён бемориро паҳн карданд

Сулаймон Давлатзода зикр намуд, ки барои пешгирии густариши бемории COVID-19 бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ нисбат ба чорабиниҳои оммавӣ, аз ҷумла, баргузории маъракаҳо, талаботи муайян дар робита ба қоидаҳои беҳдоштӣ пешбинӣ гардид. Бо вуҷуди ин, иддае аз шаҳрвандон маъракаҳоро бар хилофи талаботи қонун ва қарорҳои Ситоди ҷумҳуриявӣ баргузор намуда, боис ба густариши бемории сироятӣ шуданд, таъкид намуд раиси Кумитаи дин.
Давлатзода муътақид аст, ки тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунӣ ва пурзӯр кардани ҷавобгарии маъмурӣ, ки ҳафтаи равон қабул гардиданд, ба коҳиш додани сатҳи қонунвайронкуниҳо мусоидат менамоянд.
Афзоиши қонуншиканиҳои танзим дар даврони коронавирус
Бар асоси тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки ҳафтаи равон аз ҷониби парлумон қабул гардид, минбаъд барои риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо шахсони воқеӣ ба андозаи аз 100 то 130 нишондиҳанда, шахсони мансабдор аз 250 то 280 ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз 500 то 530 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷаримабандӣ мешаванд.
Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, дар давоми 13 соли амали қонуни танзим аз тарафи мақоми ваколатдор ва комиссияҳои доимии танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҷараёни баргузории маъракаҳо зиёда аз 206 ҳазор маротиба рейдҳои санҷишӣ гузаронида шуда, 6116 ҳолати қонуншиканӣ ошкор гардид.
Нисбати ҳуқуқвайронкунандагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳо ба маблағи беш аз 20 миллиону 989 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ гардидаанд. Кумита таъкид намуд, ки бештари ҳолатҳои қонуншиканиҳо марбут ба маъракаҳои хурсандӣ-тӯйҳои домодию арӯсӣ ва вақти баргузории маъракаҳо ба ҳисоб мебошанд.