ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳодисаи маргбор рӯзи 23-юми апрели соли равон, тахминан соати 10:40 дақиқа рух додааст.
Манбаъ далели рух додани ҳодисаро ноуҳдабароии ронандаи мошини "Дэу Лабо" хондааст, ки аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромада, пирамардро бо хараробааш зер кардааст.
"Ронандаи автомашинаи тамғаи "Дэу-Лабо", Солиҳов Парвиз, сокини 48-солаи шаҳри Панҷакент, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди Айнӣ-Панҷакент, дар ҳудуди деҳаи Сӯфиёни ҷамоати деҳоти Ҳ.Ҳасани шаҳри мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, хараробаи Холмуродов Нормурод, соли таваллудаш 1947 - ро пахш намудааст", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, пирамард, ки худ сокини ҷамоати деҳоти Ҳ.Ҳасан будааст, бо роҳи асосӣ ҳаракат мекардааст.
Ба иттилои Вазорати умури дохилӣ дар натиҷаи ин ҳодиса Холмуродов ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Вазорати умури дохилӣ афзуд, ки феълан аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.