Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Тоҷикистон дар феҳрасти гирандагони 2 миллиард доллар барои ваксина

Бонки Ҷаҳонӣ эълом кард, ки барои харид ва паҳн кардани ваксинаҳои COVID-19 ба 17 кишвари рӯ ба тараққӣ ҳудуди 2 миллиард доллари амрикоӣ ҷудо кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Ду миллиард доллар қисме аз маблағи 12 миллиарддолларӣ мебошад, ки дар тӯли 24 моҳ барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ барои эмгузаронӣ дода мешавад. Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, ин маблағ барои кишварҳои камбизоат тариқи грант ё шартҳои хеле имтиёзнок ироа мешавад.
Бонк интизор дорад, ки то нимаи сол ба кишвар ҳудуди 4 миллиард доллар барои ваксинаҳои COVID-19 ироа гардад.
Дар феҳрасти кишварҳое, ки ҳудуди ду миллиард доллар барои таъминоти ваксина кумак хоҳанд гирифт, Афғонистон, Тоҷикистон, Бангладеш, Кабо Верде, Кот-д'Ивуар, Эквадор, Салвадор, Эсватини, Эфиопия, Гамбия, Гондурас, Лубнон, Муғулистон, Непал, Филиппин, Руанда ва Тунис зикр шудаанд.
"Дастрасӣ ба ваксинаҳо калиди тағйир додани раванди пандемия ва кӯмак ба кишварҳо дар самти барқарорсозии устувор аст", - гуфт президенти Бонки Ҷаҳонӣ Дэвид Малпас.
Ӯ афзуд, ки барномаҳои Бонки ҷаҳонӣ ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар вокуниш ба ҳолати фавқулоддаи тандурустӣ кӯмак мерасонанд ва дастрасӣ ба ваксинаро таъмин мекунанд.
"Ҳангоме ки ҷаҳон кӯшиш мекунад, ки бузургтарин маъракаи эмгузаронӣ дар таърихро анҷом диҳад, мо таъкид кардем, кишварҳое, ки захираҳои барзиёди ваксина доранд, онҳоро ҳарчи зудтар озод кунанд ва маблағгузории ӯҳдадориҳо дар назди COVAX ҳифз карда шаванд", - изҳор дошт президенти Бонки ҷаҳонӣ.
"Коронавак": Тоҷикистон аз Чин ваксина мегирад
Дар ҳамин ҳол гуфта нашудааст, ки дақиқан чӣ қадари ин маблағҳоро Тоҷикистон дастрас хоҳад кард.
Моҳи март дар доираи механизми COVAX Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт нахустин гурӯҳи ваксинаи AstraZeneca ба миқдори 192 ҳазор воя тавассути парвози махсуси "Сомон Эйр" аз Деҳлӣ ба Душанбе оварда шуд. Маъракаи эмгузаронӣ дар кишвар 22 март оғоз гардида, феълан ба иттилои мақомот дар сартосари ҷумҳурӣ ҳудуди се ҳазор нуқтаи эмгузаронӣ ташкил карда шудаанд.