ДУШАНБЕ, 23 апр - Sputnik. Сафорати Русия дар Тоҷикистон интизор дорад, ки дар ояндаи наздик шумори парвозҳои мунтазам байни кишварҳо афзоиш хоҳад ёфт.
Тавре аз сафорат ба Sputnik Тоҷикистон хабар доданд, дар марҳилаи аввал дар як ҳафта ҳамагӣ ду парвози мунтазам бо ҳамаи кишварҳое, ки Русия бо онҳо парвозҳои мунтазамро барқарор кардааст (Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон) дар баробари Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.
Ҳардуи ин парвозҳо миёни пойтахтҳои давлатҳо анҷом дода мешаванд.
Дар мавриди лағви парвозҳои чартерӣ ва кушодани танҳо парвозҳои доимӣ сафорати Русия рӯшан кард, ки барқарор кардани парвозҳои мунтазам маънои боздошти пурраи парвозҳои чартериро надорад.
"Тартиб ва басомади парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русияро ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар мувофиқа бо мақомоти ваколатдори ду кишвар муайян мекунанд", - омадааст дар хабар.
Вазорат инчунин тавзеҳ дод, ки тасмими барқарор кардани парвозҳои байналмилалӣ бо як кишвари мушаххас дар шароити пандемия аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ қабул карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 апрел Русия парвозҳоро бо Тоҷикистон аз сар гирифт, ки баҳори соли гузашта ба иллати пандемияи коронавирус қатъ шуда буд.
Тибқи фармони Сарвазири Русия Михаил Мишустин, ки дар охири моҳи март ба имзо расид, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон метавонад бидуни маҳдудият ба кишвар ворид шавад.
Ҳоло миёни Душанбею Маскав танҳо роҳи ҳавоӣ боз шудааст. Дар мавриди роҳи заминӣ бошад ҳанӯз ягон тасмиме нест.