ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Тими наврасон аз шаҳри Истаравшани вилояти Суғд, дар шаҳри Бухорои ҷумҳурии Ӯзбекистон ғолиби мусобиқаи байналхалқӣ зери унвони "MINORAI-KALON CUP" гардиданд.
Дар ин мусобиқа наврасони футболбози соли таваллудашон 2008 иштирок намуданд, хабар дод сомонаи телевизиони Варзиш.
Дар ин мусобиқа футболбозони навраси шаҳри Истаравшан таҳти роҳбарии муррабии шоистаи Тоҷикистон - Асрор Шораҷабов ғолиб гаштаанд.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки дар бозии ниманиҳоӣ тими Истаравшан дастаи "Андиҷон"-и Ӯзбекистонро бо ҳисоби 4:3 шикаст дода ба бозии ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
Дар бозии ҳалкунанда дастпарварони шаҳри Истаравшан тавонистанд бар дастаи Академияи футболи Хоразм бо ҳисоби 5:4 пас аз задани зарбаҳои ҷаримавии 11 - метрӣ пирӯз гардида, соҳиби Ҷоми мусобиқа гардиданд.
Мусобиқаи байналмилалии "MINORAI-KALON CUP" солҳои қабл низ бо иштироки тими наврасони футболбоз аз кишварҳои минтақа баргузор мешуд. Дар мусобиқа баробари тимҳои мизбон инчунин дастаҳо аз Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва ғайра иштирок мекунанд.