ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Зодаи Тоҷикистон Манижа, ки имсол Русияро дар озмуни Евровидении - 2021 намояндагӣ мекунад, ба созмондиҳандагони ин озмун суҳбат кард.
Вай ба якчанд саволи ташкилкунандагони озмун посух дод.
Ҳамин тавр, Манижа сароянда, ҳунарпеша ва раққоси попи амрикоӣ Бритни Спирсро сарояндаи дӯстдоштаи худ номид.
"Аввалин CD-и харидаам Бритни Спирс буд. Ва ман ӯро дӯст медорам!" - гуфт Манижа.
Манижа қайд кард, ки хусусияти асосии намоишҳои ӯ истифодаи якбора се забон - англисӣ, русӣ ва форсӣ мебошад.
Манижа пойтахти Фаронса - Порисро шаҳри дӯстдошта дар Урупо номид.
"Бачаҳо, забон, ғизо ва ҳама чизи гирду атроф аҷоиб аст. Барои бисёриҳо ин шаҳри муҳаббат ва шаҳри дӯстдорон аст, аммо барои ман ин як шаҳри инзивоъоӣ аст, ки он ҷо кас метавонад бо худ бошад", - гуфт сароянда.
Калимаи асосии забони русӣ, ба қавли сароянда, "зебо" (красавица) мебошад.
"Калимаи дӯстдоштаи ман - зебо аст. Зеро, тавре ки шумо медонед, ман зебо ҳастам", - гуфт вай.
Манижа инчунин илова кард, ки тарҷимаи ҳоли ӯ бештар қиссаест дар бораи духтаре, ки дар ҷустуҷӯи асли хеш аст.
Манижа дар Евровидение - 2021
Соли 2021 озмуни Евровидение дар Нидерланд баргузор мешавад. Озмун аз 18 то 22 май дар Ahoy мегузарад.
Русияро дар Евровидение - 2021 Манижа Сангин - зодаи Тоҷикистон ва муқими Русия муаррифӣ мекунад.
Вай ба ин сабқати бонуфуз бо суруди "Russian Woman", ки ҳангоми овоздиҳии саросарӣ 8 март интихоб шудааст, хоҳад рафт.
Аммо, на ҳама номзадии Манижаро ба ҳайси намояндаи Русия дар Евровидение дастгирӣ мекунанд. Ҳамин тавр, интихоби сароянда ва суруд ҳам аз ҷониби сиёсатмадорон ва ҳам аксарияти мунаққидон ва продюссерҳо зери интиқод қарор гирифт.
Дар портали Change.org муроҷиатномае пайдо шуд, ки дар он талаб мешавад, то Манижа аз ширкат дар озмун маҳрум карда шавад. Ғайр аз он, ба Кумитаи тафтишотии Русия бо дархости санҷиши таркиби суруд дар заминаи экстремизм дархост расид.
Сарфи назар аз он, ки видеои суруди Манижа "Russian Woman барои Eurovision - 2021" беш аз 8 миллион тамошобин пайдо кардааст, букмекерҳо ин барномаро номуваффақ меҳисобанд.
Ҳамроҳи Манижа суруди "Зани рӯс" - ро чор бэк-овозхон - ду мард ва ду зан месароянд.