ДУШАНБЕ, 23 апр - Sputnik. Равобити Русия ва ИМА ба давраи ҷанги сард баргашт, гуфт муовини раиси Шӯрои амнияти Русия, Дмитрий Медведев, навиштааст РИА Новости.
Ба гуфтаи Медведев, таҳримҳо, фишорҳо, таҳдидҳо, муқовимати муноқишаҳо, ҳимояи манфиатҳои ғаразнок ба "бесуботии доимӣ" дар тамоми ҷаҳон оварда мерасонад.
"Дар солҳои охир муносибатҳои Русия ва ИМА воқеан аз рақобат ба муқовимат гузаштанд; дар асл, онҳо ба давраи ҷанги сард баргаштанд", - гуфт ӯ.
Ҳамзамон, муовини раиси Шӯрои амнияти Федератсияи Русия таъкид кард, ки имрӯз Русия ба мисли Иттиҳоди Шӯравӣ дар гузашта "аз ҷиҳати таҳдид ба рақиби худ баъди Иёлоти Муттаҳида меистад".
Медведев бӯҳрони мушакии Кариб дар соли 1962 - ро зикр намуд, ки он замон низ Иттиҳоди Шӯравӣ дар посух ба амали ИМА дар қаламрави Куба силоҳи стратегии ҳамагарро ҷойгир намуд.
Медведев қайд кард, ки рақибон муқовиматро минбаъд шиддат бахшиданд: онҳо киштиҳои ҷангиро гирд оварда, ҷазираро ба муҳосираи баҳрӣ гирифтанд ва нақшаи дохилшавиро таҳия намуданд.
Медведев афзуд, ки он замон роҳбарони ҳар ду давлат вазъиятро наҷот дода, зарурати арзёбии огоҳонаро нигоҳ доштанду "ҳикмати созиш" - ро эътироф намуданд. Ноиби раиси Шӯрои амнияти Русия инчунин хотиррасон намуд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА "муколамаи баробар доштанд, на ба воситаи забони таҳдидҳо ва ҳушдорҳо".
Вай хулоса кард, ки танҳо муоширати мустақим, қобилияти ошкоро сухан гуфтан, инчунин шунидани мантиқ ва далелҳои ҷониби дигар, ба "хомӯш кардани мушкилот" мусоидат хоҳанд кард.