Эҳтимоли лағви намози Ид ва ҷумъа дар Қирғизистон

Сардухтури санитарии Бишкек гуфт, ба муфтиёт оид ба боздоштани чорабиниҳои оммавии динӣ дастурҳо фиристода шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Намози Ид дар Бишкек метавонад лағв шавад.
Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо истинод ба сардухтури санитарии шаҳри Бишкек Қурбон Қундошев хабар медиҳад.
Ба гуфти сардухтури санитарии пойтахт Қурбон Қундошев, бинобар вазъи бади коронавирус, ба Идораи рӯҳониёни Қирғизистон оид ба бекор кардани намози ид, боздоштани ҳама намудҳои ибодати дастаҷамъӣ, ифтор ва дигар навъи чорабиниҳои динӣ, дастур фиристода шудааст.
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Даъвати СҶБ аз рӯзадорон: дар моҳи Рамазон 7 қоидаро риоя кунед
Вай афзуд, ки фармонҳои дахлдор ҳамчунин ба ташкилотҳое, ки нақша доштанд чорабиниҳои оммавиро баргузор кунанд, равон карда шудааст.
Дар Идораи рӯҳониёни Қирғизистон гуфтаанд, ки ин дастур баррасӣ мешавад ва мумкин имрӯз қароре қабул гардад.
Муфтиёт хотиррасон кард, ки аллакай баргузории намозҳои дастаҷамъона дар хона тавсия дода шудааст ва ифтор боздошта шуданд.
Иди Рамазон ба ифтихори хотимаи моҳи шариф, вобаста аз баромади моҳ, 12 ё 13 май таҷлил карда мешавад.
Нахустин намоз пас аз "ҳокимӣ"-и корона дар Тоҷикистон - 14 акс
Соли гузашта бинобар карантин, намози Ид лағв шуда буд.
Моҳи Рамазон дар дини мубини Ислом аз муқаддастарин моҳ ба шумор меравад. Дар ин моҳ мусалмонон дар давоми 30 рӯз рӯза мегиранд.
Мусалмонон дар давоми рӯз аз хӯрдан, нӯшидан ва дигар аъмоли нописанд худдорӣ мекунанд.
Дар Рамазон мусалмонон мекӯшанд, ки бадиҳои худро бартараф кунанд ва бо андешаҳои пок зиндагӣ намоянд.
Тибқи қавонин, духтарон аз 9-солагӣ ва писарон аз 12-солагӣ метавонанд рӯза гиранд. Занони ҳомила ва ширдеҳ, инчунин беморон аз гирифтани рӯза соқит ҳастанд.