Хоруғ мизбони сабқати даҳҳо тими футбол бо усули “деҳа ба деҳа”

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон мегӯяд, дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон байни 21 дастаи ҷавонон мусобиқаи футбол баргузор мегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Сабқати даҳҳо дастаи ҷавонон дар шаҳри Хоруғ бо ҳадафи рушди бозии футбол ва оммавияти варзиш дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат рӯи кор омад, хабар дод телевизиони “Варзиш”.
Ба иттилои манбаъ, мусобиқа ба ифтихори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баргузор шуда, он то моҳи майи соли равон идома меёбад. Таъкид шудааст, ки мусобиқа бо усули “деҳа ба деҳа” гузаронида шуда, ғолибонро Ҷом, медал, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ интизор аст.
Ташкили мусобиқаҳо бо усусли “деҳа ба деҳа” дар ҳолест, ки ахиран Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва Федератсияи футболи Тоҷикистон Барномаи махсус дар бораи рушди футбол дар деҳоти ҷумҳурӣ барои солҳои 2021-2024 – ро тасвиб карданд.
FIFA барои ҳузури 10 ҳазор мухлиси футбол дар варзишгоҳ иҷозат дод
ФФТ иттилоъ дода буд, ки дар доираи барнома ҳар сол мусобиқаи варзишӣ байни дастаҳои футболи деҳаю шаҳракҳои ҷумҳурӣ дар чор марҳила баргузор мегарданд.
“Дар ин мусобиқаҳо бозигарони аз 18 то 35-сола иштирок кардан метавонанд. Хароҷоти се марҳила, аз ҷумла лавозимоти варзишию туҳфаҳо барои ғолибонро мақомоти маҳаллию сарпарастон ва хароҷоти марҳилаи ниҳоиро Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш пардохт мекунанд”, - таъкид намуда буд ФФТ.
Тибқи нақша дар доираи татбиқи Барнома соли 2023 таъсиси Лигаи футболи деҳот дар назар дошта шудааст.
ФФТ илова намуд, ки ҳадафи барнома пешрафти бозии футбол дар деҳот, баргузории мусобиқаҳои мухталиф байни дастаҳои футболи деҳот, бозсозӣ ва беҳтар гардонидани сифати майдонҳои футбол, ҷалби шумораи бештари аҳолӣ ба бозии футбол ва тавассути бозии футбол дар рӯҳияи ватанпарварӣ тарбият намудани наврасону ҷавонон дар деҳоти кишвар мебошад.