ДУШАНБЕ, 23 апр - Sputnik. Эҳтимол меравад, ки тобамовируси ToBRFV, ки дар Ӯзбекистон авҷ гирифтааст, ба Тоҷикистон низ ворид шудааст, гузориш медиҳад портали EastFruit.
Кишоварзони маҳаллӣ дар ин бора ба портали интернетии кишоварзӣ ба шарти ифшо нашудани номашон маълумот додаанд.
Маълумоти расмӣ дар бораи мавҷудияти ин вирус дар кишвар вуҷуд надорад ва худи истеҳсолкунандагон бо назардошти сатҳи пасти соҳа бо хадамоти муайян кардани зараррасонҳо ва касалиҳо, имкони тасдиқ ё рад кардани ин вирусро надоранд.
Тавсифи мушкилоти деҳқонон ва норасоии ногаҳонии маҳсулот дар бозор нишон медиҳад, ки Тоҷикистон воқеан бо ToBRFV рӯ ба рӯ шудааст.
Аввалин гузоришҳо дар бораи сирояти Тобамовирус аз деҳқонони тоҷик дар моҳи апрел, пас аз он ки растаниҳо ҳангоми баланд шудани ҳарорат ба фишор дучор шуданд, омада буданд.
Ба ғайр аз помидор ва қаламфур, Тобамовирус метавонад ба дигар зироатҳои, алахусус картошка ва ҳатто тамоку сироят кунад.
Азбаски ин вирус ба зироатҳои кишоварзӣ нисбатан ба наздикӣ хисорот ворид кардан гирифт, дар бисёр кишварҳо ҳатто он ба рӯйхати объектҳои карантин шомил карда нашудааст ва муайян кардани он мушкил аст.
Масири эҳтимолияти воридшавии тобамовирус ба Тоҷикистон аз Ӯзбекистон аст.
Ёдовар мешавем, ки хуруҷи ToBRFV дар Ӯзбекистон моҳи ноябри соли 2020 ба қайд гирифта шуда буд.
Росселходнадзор воридоти помидор ва қаламфури Ӯзбекистонро ба қаламрави Федератсияи Русия манъ кард. Намояндагони мақомоти кишоварзии Ӯзбекистон зуд бо ҳамкасбони руси худ ба ҳалли мушкилот шурӯъ карданд.
Тавре муовини собиқи вазири кишоварзӣ ва хӯроквории Русия Леонид Холод дар муколама бо Sputnik Ӯзбекистон қайд кард, маҳдудиятҳои ҷорӣ ҳатман ба содироти меваю сабзавот аз Ӯзбекистон зарар мерасонанд, ки рушди назаррас нишон додааст.
Вазъият таҳти назорати президенти Ӯзбекистон қарор гирифт: Шавкат Мирзиёев амр дод, ки дар назди ҳар як гармхона озмоишгоҳи худро созмон диҳанд.