ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов, вазири корҳои хориҷа бо сафири Тоҷикистон Содиқ Имомӣ, ки маъмурияти дипломатиаш дар ин кишвар ба анҷом мерасад, дидору гуфтугӯ кард.
Вазири ӯзбек ба cаҳми шахсии Сафир дар рушди пайдарпайи ҳамкориҳои созандаи ду кишвар баҳои баланд дод.
Зимни суҳбат масъалаҳои мубрами густариши муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегӣ, инчунин ҷанбаҳои амалии татбиқи созишномаҳои дар доираи сафарҳои сатҳи баланд бадастомада баррасӣ шуданд.
Содиқ Имомӣ, дар навбати худ, барои кумаки ҳамаҷониба дар кори ӯ ба ҳайси роҳбари намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ташаккур гуфт.
Ҳамин тавр, фаъолияти дипломтии сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ба анҷом расид. Ӯ ба Тоҷикистон бармегардад ва ҷои ӯ бояд сафири нав таъйин шавад.
Дар ҳоли ҳозир, маълум нест, ки ба ҷои Содиқ Имомӣ, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон кӣ таъйин хоҳад шуд.
Ёдрас мешавем, ки қарор аст, сарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода бо ҳамтои ӯзбекаш Абдулло Орипов мулоқот кунад.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, мулоқоти сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон санаи 24 апрел дар шаҳри Хуҷанд доир хоҳад гашт.
Дар назар аст, сарвазирони ду кишвар ғайр аз масъалаҳои гуногуни ҳамкорӣ инчунин омодагиҳо ба сафари расмии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистонро, ки дар нимаи аввали моҳи июни соли ҷорӣ баргузор мешавад, баррасӣ намоянд.