Дар тамрингоҳҳои Момирак ва Самбули машқҳои васеъмиқёси ҳарбӣ ташкил карда шуданд. Дар ин тамрин қисмҳои пойгоҳи низомии 201-и Русия ва нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ширкат карданд.
Нерӯҳо вазифадор буданд, ки "душман" -ро дар шароити душвор, маҳз дар кӯҳҳо, нест кунанд. Бо мақсади нест кардани душман хизматчиёни ҳарбӣ намудҳои гуногуни техникаи махсусро истифода бурданд.
Дар наворе, ки аз ҷониби хадамоти матбуоти Округи марказии ҳарбӣ пешниҳод шудааст, тирпарронӣ аз танкҳо ва чархболҳо нишон дода шудааст.
Хизматчиён душманро дареғ намедоштанд: аз замин ва аз ҳаво дар масофаҳои аз 100 то 5000 метр зарба зада, танкчиён ва артиллеристон бомуваффақият пай дар пай ба ҳадафҳо зарба мезаданд.
Ёдовар мешавем, ки тамринҳои Русияву Тоҷикистон таҳти роҳбарии фармондеҳи нирӯҳои Округи марказии ҳарбӣ генерал-полковник Александр Лапин аз 19 то 23 апрел дар полигонҳои Ҳарб-Майдон, Самбули ва Момирак баргузор мешаванд.
Дар онҳо зиёда аз 3,5 ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ ва то 400 адад техника ба кор бурда мешавад.