ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Дар бораи иллати бекор шудани иҷозатномаи фаъолияти ин миқдор аз фаъолони бахши хусусӣ ва ширкатҳои Тоҷикистон тавзеҳ дода нашудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.
Аз сӯи дигар ин ниҳод эълом кард, ки дар Тоҷикстон 651 ҳазор нафар дар бахши хусусӣ кор мекунанд.
Аммо таи се моҳи нахусти соли ҷорӣ 308 нафар аз ин афрод ҳеҷ гуна фаъолияти иқтисодӣ надоштанд.
Ожонси амори Тоҷикистон эълом кард, ки дар ин муддат барои 115 ширкат дар шаҳри Душанбе, 62 ширкат дар вилояти Суғд, 34 ширкат дар вилояти Хатлон ва 13 ширкат дар ноҳияҳои марказии Тоҷикистон низ иҷозатномаи фаъолият содир шудааст.