Русия барои ИМА "минтақаҳои марг" эҷод кард

"Минтақаҳои марг" -и нодири сохтаи Русия ба доми силоҳи Амрико табдил хоҳанд ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 апр - Sputnik. Русия барои эҷоди "минтақаҳои марг" корҳои густардаеро анҷом медиҳад. Дар ин бора "Известия" бо такя ба раёсати низомӣ хабар додааст.
Бино ба иттилои манбаъ, мафҳуми "минтақаи марг" комилан дастнорас барои мушакҳои болдор, силоҳи дақиқ ва бесарнишини душман мебошад.
Дар айни замон, ташкили чунин минтақаҳои муҳофизатӣ ҳангоми машқҳои нерӯҳои ҷанги электронӣ дар якчанд ҳавзаи низомии Русия амалӣ мешавад.
Пас аз як сол "минтақаҳои марг" ба санҷиши низомиён дар саросари кишвар шурӯъ мекунанд.
"Суол пӯшида шуд". Сиёсатшиноси ҳарбӣ дар бораи қарори Русия ва ИМА оид ба силоҳи ҳастаӣ
Тибқи иттилои манбаъ, системаҳои ҷанги электронии умедбахши "Поле-21" нақши ҳалкунанда доранд. Онҳо ба системаҳои моҳвораи хориҷӣ мушкил эҷод мекунанд. GPS NAVSTAR-и амрикоӣ низ метавонад ба "минтақаи марг" ворид шавад.
Коршиносон қайд карданд, ки ташкили ин минтақаҳо ба ҳифзи артиш, иншооти иҷтимоӣ ва истеҳсолии Русия мусоидат хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки дар миёнаи моҳи апрел аввалин озмоишҳои бомуваффақияти маҷмааҳои "Поле-21" дар артиши 49-уми силоҳҳои омехтаи Округи ҳарбии ҷанубӣ озмоиш карда шуд.