Роҳбарони Суғд, Фарғона ва Бодканд хостори густариши равобити иқтисодиву фарҳангӣ шуданд

Имрӯз дар шаҳри Фарғонаи Ӯзбекистон дар доираи бизнес-форуми "Интегратсияи минтақаҳои наздисарҳадӣ кафолати рушд аст" мулоқоти сеҷонибаи роҳбарони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон, Фарғонаи Ӯзбекистон ва Бодканди Қирғизистон баргузор шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд, дар ин мулоқот раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров, ҳокими вилояти Бодканд Омурбек Суваналиев, хостори густариши робитаҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмӣ шуданд.
Таъкид шудааст, ки ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров, барои тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди сеҷониба таклифҳои худро пешниҳод кард.
Дар ҳамин ҳол, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот таъкид кардааст, ки муносиботи вилоятҳои ҳаммарзи се мамлакат дар марҳилаи нави рушд қарор дошта, ҷонибҳо метавонанд бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда барои боз ҳам рушд бахшидани ҳамкориҳо корҳои муайянро ба иҷро расонанд.
Раҷаббой Аҳмадзода ба Фарғона сафар кард: тафсилот
Ӯ ҳамзамон зикр кардааст, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон садҳо корхонаи нав бунёд гардида, имрӯз теъдоди корхонаҳо ба 700 расидааст.
“Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот низ сол аз сол зиёд гардида, барои тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои саноату кишоварзӣ имкониятҳо фаровон аст”, - гуфт Аҳмадзода.
Манбаъ илова кардааст, ки доираҳои тиҷоратии вилоятҳо метавонанд барои густариши робитаҳои иқтисодӣ ва содироту воридоти маҳсулот ҳамкориҳоро тақвият бахшанд.