Расулзода ва Орипов омодагӣ ба сафари Мирзиёев ба Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд

Коҳир Расулзода ва Абдулло Орипов дар назар аст, омодагиҳо ба сафари навбатии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистонро баррасӣ кунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Cарвазири Тоҷикистон Коҳир Расулзода бо ҳамтои ӯзбекаш Абдулло Орипов мулоқот хоҳад кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, муқоти сарвазирони Тоҷикистону Ӯзбекистон санаи 24 апрел дар шаҳри Хуҷанд доир хоҳад гашт.
Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон сафар мекунад
Ба иттилои манбаъ, рӯзи гузашта ҳайати коршиносон аз ҷумлаи намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Ӯзбекистон барои баррасӣ ва коркарди масъалаҳои ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётӣ, коммуникатсионӣ ва обӣ-энергетикӣ, инчунин ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ ба Душанбе омаданд.
Гуфта мешавад, натиҷаҳои кори коршиносон дар мулоқоти сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орипов муаррифӣ мегардад.
Дар назар аст, сарвазирони ду кишвар инчунин омодагиҳо ба сафари расмии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистонро, ки дар нимаи аввали моҳи июни соли ҷорӣ баргузор мешавад, баррасӣ мекунанд.