ДУШАНБЕ, 22 апр - Sputnik. Дар бораи ташкили маъракаи "Тоҷикона мепӯшем" дар вилояти Хатлон Кумитаи кор бо занон хабар додааст.
Бино бар иттилои манабаъ, ташкилкунандагони аксия, Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Бохтар мебошанд.
Управлением по делам женщин и семьи города Бохтара провели акцию по продвижению национальной одежды "Мы носим Таджикона"
Гуфта мешавад, мақсад аз баргузор кардани ин аксия тарғиби либоси миллӣ аст.
"Ҷиҳати тарғиби сару либоси миллӣ аксия таҳти унвони “Тоҷикона мепӯшем" бо иштироки 500 нафар занону духтарон баргузор шуд", - менависад манбаъ.
Духтарон бо либосҳои чакан, атлас, адрас, попурӣ ва қуроқӣ ба роҳпаймоӣ баромданд.
Бино бар иттилои мақомоти Бохтар бошад, ин маърака дар шаҳр 21 апрел баргузор гардид.
Гуфта мешавад, дар он духтарон аз синфҳои болоии мактабҳои миёна ва донишҷӯёни шаҳри Бохтар ширкат варзиданд.
Дар доираи маърака духтарон бо либоси миллӣ аз назди бинои маъмурии Бохтар то майдони 70-солагии водии Вахш роҳ рафтанд.
Ёдрас мешавем, пештар як пешниҳоди дигар дар Тоҷикистон - миллипӯш кардани занони милиса боиси вокуниши зиёди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гардида буд.
Аввалҳои моҳи апрел дар Тоҷикистон пӯшоки нави идона ва саҳроӣ барои кормандони занони милиса муаррифӣ шуд. Пироҳанҳо аз атлас ва адрас бо услуби миллӣ ва урупоӣ сохта шудаанд. Намуди пироҳанҳоро тарроҳони вилояти Суғд таҳия кардаанд.
Управлением по делам женщин и семьи города Бохтара провели акцию по продвижению национальной одежды "Мы носим Таджикона"
Либоси саҳроӣ барои кормандони полис дар шакли камуфляж дӯхта шудааст.
Ин либосҳо зимни ифтитоҳи Маркази таълимии Вазорати корҳои дохилӣ дар Гулистон ба президент Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карда шуданд.
Дар сурати тасдиқ шудан аз ҷониби раисиҷумҳур, занони милиса ин пироҳанҳоро рӯзҳои ид ба бар хоҳанд кард.