ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷурми алоқамандӣ ба ҷараёни экстремистии “Салафия” (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) панҷ нафарро боздошт кардааст.
Дар ин бора бахши робитаҳои ҷамъиятии шуъбаи КДАМ дар шаҳри Ваҳдат ба АМИТ “Ховар” хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин ниҳод, бо гумони алоқамандӣ бо ҷараёни экстремистии “Салафия”, ки фаъолияти он дар Тоҷикистон манъ карда шудааст, шаҳрвандон Обидов Абдулҳақ Абдулвосиевич, Шухиев Абузар Наҷбуддинович, Маҳмадуллоев Абдулло Муҳаммадбекович, Турков Азиз Тоҷиддинович ва Табаров Аҳмадхоҷа Абдусатторович, сокинони шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ боздошт гардиданд.
Ин ниҳод гуфтааст, нисбат ба ашхоси зикргардида парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Обидов Абдулҳақ Абдулвосиевич, яке аз боздоштшудаҳо имомхатиби масҷиди ноҳияи Шоҳмансур гуфта мешавад.
Қаблан расонаҳо омили боздошти Абдулҳақ Обидовро пас аз суханронияш дар ҷанозаи Домулло Ҳикматуллои Тоҷикободӣ рабт дода буданд.
Кумитаи дини кишвар бошад, дар асоси маълумоти мақомоти амниятии ҷумҳурӣ навиштааст, ки боздошти сархатиб ба суханрониаш дар маросими ҷанозаи марҳум Домулло Ҳикматуллоҳи Тоҷикободӣ ҳеҷ иртиботе надорад.
Ин ниҳод аз намояндагони воситаҳои ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ даъват кардааст, ки ба ҳар гуна сару садоҳо, ки суханронии Абдулҳақ Обидов дар маросими ҷанозаро ҳамчун омили боздошт маънидод мекунанд, дода нашаванд.