ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Ёддошти тафоҳуме, ки ба имзо расид, ҳамкориҳои минбаъда миёни КҲФ ва Агентии Оғохон оид ба макони зистро тақвият мебахшад, иттилоъ додааст Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Манбаъ ёдрас шудааст, ки санаи 14 апрели соли 2021 дар ноҳияи Сангвор маросими ба истифода супоридани бинои навбунёди Паноҳгоҳ барои осебдидагони офатҳои табиӣ баргузор шуда буд.
Ин бино барои муваққатан ҷо намудани осебдидагони офатҳои табиӣ муқаррар гардида, аз хобгоҳ барои 25 нафар, ҳуҷраи омӯзиши кӯдакон, ҳуҷраи модару кўдак, ҳуҷраи тиббӣ, ошхона, ҳаммом ва ҳоҷатхона иборат мебошад.
Бинои мазкур бо ташаббуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, бо дастгирии Агентии Оғохон оид ба макони зист ва Дафтари Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ сохта ба истифода дода шуд.
Сулаймон Исозода, муовини раиси КҲФ зимни ифтитоҳи ин бино гуфт, дар оянда барои паноҳ додани осебдидагони офатҳои табиӣ дар минтақа хидмат хоҳад кард ва ин боис хоҳад шуд, ки хатари зарари офатҳо коҳиш ёбад.
Наҷиб Яминов, намояндаи Агентии Оғохон оид ба муҳити зист иброз дошт, ки ин ниҳод дар оянда низ дар тарҳҳои бунёдии пешниҳодшуда аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда фаъолона ширкат хоҳад кард.