Вазири нақлиёт: гузаргоҳи "Қулма" дар сарҳади Тоҷикистону Чин боз шуд

Вазири нақлиёти Тоҷикистон аз ифтитоҳи дубораи гузаргоҳи марзии “Қулма” миёни ин кишвар ва Чин дар вилояти Кӯҳистони Бадахшон хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 апр - Sputnik. Ба гузориши сомонаи “Парстудей”, Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфтааст, ки пас аз тамоси телефонии раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Чин гузаргоҳи марзии “Қулма” ду бора фаъолияти худро аз сар гирифт.
Гузаргоҳи марзии заминӣ миёни Тоҷикистону Чин ба далели густариши вируси корона дар моҳи октябри соли 2020 баста шуда буд.
Вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон ҳамчунин эълом кард, Чин барои транзити коло аз ин масир ба бозаргонони тоҷик тахфиф додааст.
Пешниҳоди Тоҷикистон барои тағйири шеваи интиқоли бор дар Қулма
Азим Иброҳим афзуд, агар қаблан бозаргонони тоҷик барои бозгардондани мошинҳои холӣ аз Тоҷикистон ба Чин муваззаф ба пардохти 4 ҳазор доллар буданд, акнун ин маблағ ҳазф шудааст.
Тоҷикистон аз Чин масолеҳи сохтмонӣ, қатаоти худрав, либос, васоили барқӣ ва таҷҳизоти роёнаӣ ворид мекунад.
Ҳаҷми воридоти маҳсулоти чинӣ ба Тоҷикистон дар соли 2020 ба 440 миллион доллар расид, ки дар муқоиса бо соли қабл 20 дарсад коҳишро нишон медиҳад.