ДТТ ба номи Осимӣ шомили Ассотсиатсияи донишгоҳҳои техникӣ шуд

Шомил шудани донишгоҳ ба ин ассотсиатсия имкон медиҳад, ки равобити байналмилалӣ бо муассисаҳои олии хориҷ аз кишвар тавсеа ёбанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 апр - Sputnik. Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ба узвияти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои техникӣ пазируфта шуд
Шаҳриёр Саъдуллозода, муовини ректори донишгоҳ оид ба робитаҳои байналмилалӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ин хусус аз сӯи Анатолий Александров, президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои техникӣ, ректори Донишгоҳи давлатии техникии Маскав ба номи Н. Э. Бауман унвонии Қудрат Давлатзода, ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, мактуби ифтихорӣ бо замимаи шаҳодатномаи узвият равон карда шудааст.
“Қабул шудани донишгоҳ ба ин ассотсиатсия имконият медиҳад, ки дар баробари рушди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ равобити байналмилалӣ бо муассисаҳои олии хориҷ аз кишвар тавсеа ёбанд”, - гуфт Шаҳриёр Саъдуллозода.
Соли равон аз таъсиси Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ 65 сол пур мешавад.
Ректори донишгоҳи миллӣ: бо Узбакистон 7 созишнома бастем
Донишгоҳи мазкур бо иқтидори бузурги кадрӣ ва моддию техникӣ дар самти омода кардани кадрҳои муҳандисию техникӣ ва иқтисоддонони соҳавӣ мавқеи калидӣ дорад.
Ҳоло дар ин донишгоҳ 7 факулта мавҷуд буда, аз рӯи самтҳои энергетика, технологияҳои инноватсионӣ, иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, сохтмон ва меъморӣ, нақлиёту роҳсозӣ, иқтисодиёти соҳавӣ муҳандисон, технологҳо ва менеҷерони соҳавӣ омода карда мешаванд.