ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво ноустувор буда, боришоти борону жола дар назар аст.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, бориши борон ба барф дар назар аст.
Дар ғарби вилоят бориши шадиди борон ва раъду барқ пешгӯи мешавад. Дамои ҳаво бошад дар қисмати ғарбӣ рӯзона 10-15 ва шабона 1-6 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят рӯзона 2-7 дараҷа гарм, аммо шабона 7-12 дараҷа дамои ҳаво сард мешавад.
Ҳавои вилояти Суғд низ имрӯз боронӣ аст. Эҳтимоли боридани жола ва фаромадани меғ низ пешгӯӣ мешавад. Дамои ҳаво рӯзона 18-23 ва шабона 7-12 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон низ боридани борон, раъду барқ ва вазиши шадиди бод пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар ин вилоят рӯзона 24-29 ва шабона 9-14 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон меборад. Дар ноҳияҳои алоҳида борон бошиддат борида, раъду барқ ба амал меояд. Боридани жола пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 19+24 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, шабона ва саҳаргоҳон бориши сусти борон ба амал меояд. Рӯзона асосан ҳавои бебориш пешгӯӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво шабона 9+11 ва рӯзона 21+23 дараҷа гарм мешавад.