270 бонкдори Тоҷикистон соҳиби шаҳодатномаи ҳирфаӣ шуданд

Бонки миллии Тоҷикистон бо кормандони низоми бонкии кишвар давраҳои омӯзишӣ баргузор карда, дар натиҷа ба ширкаткунандагони он шаҳодатномаҳои ҳирфаӣ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 апр - Sputnik. БМТ бо мақсади баланд бардоштани дониши тахассусии кормандони низоми бонкӣ давраҳои омӯзиширо дар якҷоягӣ бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Комплаенс (ICA) ташкил кард.
Бино бар иттилои манбаъ, дар натиҷа 270 нафар кормандону мутахассисони низоми бонкии кишвар, ки 50 нафарашон кормандони Бонки миллии Тоҷикистон мебошанд, соҳиби шаҳодатномаи ҳирфаӣ гардиданд.
Дар маросими супоридани шаҳодатномаҳо ба кормандони низоми бонкии мамлакат, ки дар БМТ доир гардид, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ба намояндагони БАТР барои дастгирии пайвастаи бахши молиявии кишвар, хусусан низоми бонкӣ арзи сипос намуд.
Мавсуф зикр кард, ки БМТ дар ҳамкорӣ бо БАТР барои дастгирии бахши молиявии кишвар якчанд лоиҳаҳои муҳим амалӣ намуд, ки ташкил ва гузаронидани давраҳои омӯзишӣ барои иштирокчиёни бозори молиявии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳост.
Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони БАТР мулоқот кард
"Барномаи "Дастгирии маблағгузории савдо" барои баланд бардоштани дараҷаи тахассус ва салоҳияти мутахассисони бахши молиявӣ ҷиҳати хизматрасонии босифат ба мизоҷони равона шуда, имкон дод, ки 700 нафар намояндагони бахши молиявӣ ба омӯзиш ҷалб шаванд", - гуфт Ҳоким Холиқзода.
270 нафари онҳо соҳиби шаҳодатнома Палатаи савдои байналмилалӣ оид ба тиҷорати байналмилалӣ (GoingGlobal) гардиданд.
Дар маросими супоридани шаҳодатномаҳо Роҳбари намояндагии БАТР дар Тоҷикистон Айтен Рустамова ба роҳбарияти БМТ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид ва ҷалби мутахассисон ба барномаи таълимӣ сипосгузорӣ намуда, гуфт, ки дар оянда ҳамкории самарабахшро дар ин самт идома хоҳанд дод.