ДУШАНБЕ, 21 апрел - Sputnik. Заҳро Аҳмадова, муовини раиси Кумитаи назорати санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Қазоқистон гуфт, ки занон пас аз чанд вақти гирифтани ваксин метавонанд, ҳомиладор шаванд.
Дар ин бора Sputnik Қазоқистон навиштааст.
"Пас аз гирифтани ду ҷузъи ваксинаи Sputnik V, баъди аз 1,5-2 моҳ, пас аз ташаккул ёфтани масуният, шумо метавонед ҳомиладориро ба нақша гиред", - гуфт Ахметова дар суҳбат бо рӯзноманигорон.
Пештар Бахт Кошерова, мутахассиси бемориҳои сироятии Вазорати тандурустии Қазоқистон хабар дода буд, ки ваксина алайҳи коронавирус барои занони ҳомила мумкин нест.
Вазорати тандурустӣ инчунин риояи чораҳои зарурии санитариро ҳатто пас аз эмкунӣ алайҳи коронавирус хотиррасон кард.
Вазъи эпидемиологӣ дар Қазоқистон ноустувор боқӣ монда, иммунитети оммавӣ ҳанӯз ташаккул наёфтааст. Бо ин сабаб, пӯшидани ниқоб, риояи фосилаи иҷтимоӣ ва гигиенаи шахсӣ тавсия дода мешавад.