Раиси вилояти Суғд бо Сафири Украина дар Тоҷикистон густариши равобитро баррасӣ кард

Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо сафири Украина Василий Серватюк дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилоят
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 апрел - Sputnik. Тибқи итттилои манбаъ, Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот аз густариши робитаҳои миёни Тоҷикистон ва Украина изҳори хушнудӣ намудаааст.
Вай таъкид доштаст, ки бо сиёсати пешгирифтаи роҳбарони ду давлат ҳамкориҳо дар бахшҳои гуногун тақвият ёфта истодааст.
“Мо ҷонибдори рушди бештари ҳамкориҳо ҳастем ва барои густариши равобит имкониятҳо зиёд аст”,- қайд кард Аҳмадзода.
Ҳамзамон зимни мулоқот ҷонибҳо вобаста ба мубодилаи молу маҳсулот, таҳсили донишҷӯён дар кишварҳои ҳамдигар изҳори назар карданд.
Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону Украина дар бахши маориф
Инчунин ҷонибҳо истифода аз захираву имконоти мавҷуда барои зиёд намудани воридоту содироти маҳсулот, дастраскунии таҷҳизоти техникӣ барои пойгоҳҳои обкашӣ, қисмҳои эҳтиётии техникаҳои кишоварзӣ, рушди муносибатҳои фарҳангиву илмӣ мубодилаи афкор карданд.
Ҳар ду ҷониб зимни мулоқот хостори тақвиятёбии ҳамкориҳои мутақобилан судманд гардиданд.