ДУШАНБЕ, 21 апрел - Sputnik. Дар шафати шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода, сарҳади Ӯзбекистон гулҳои садбарг, мавсимӣ ва дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ шинонида шудаанд, хабар медиҳад котиби матбуоти раиси шаҳри Турсунзода Фирӯз Холиқов.
Гуфта мешавад, ки имрӯзҳо дар шаҳри Турсунзода дар баробари бунёди иншооти ҷашнӣ инчунин бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати хуррам ва назаррабо гардонидани муҳити атроф корҳои ободонӣ бомаром идома доранд.
Ҳоло дар минтақаҳои гулкории шоҳроҳ, ки онро асосан гулҳои садбарг ороиш медиҳанд, корҳои нармкунии бехи ниҳолҳо ва қаламчаи гули садбарг ҷараён гирифта, минтақаҳои камоб барои сабзиш ва авҷи гулҳо обёрӣ гардида истодаанд, менависад АМИТ "Ховар".
Шаҳри Турсунзода дарвозаи ғарбии кишвар ба ҳисоб рафта, шаҳроҳи байналмилалӣ давлати моро тавассути Ӯзбекистон бо дигар давлатҳо мепайвандад.
Сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода Лоиқ Раҳмонов мегӯяд, "ҳар меҳмоне, ки аз сарҳад гузашта, вориди шаҳри Турсунзода шуд, таассуроти аввалини худро доир ба Тоҷикистон пайдо менамояд. Аз ин лиҳоз, шоҳроҳ инъикосгари ободии шаҳр ва ободии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад".
Ӯ афзуд, ки вазифа ва масъулияти ҳар сокини шаҳр аст, ки давлати мо ҳамеша тозаву озода ва намуна бошад.