ДУШАНБЕ, 21 апрел - Sputnik. Русия манофеи худро дар чорчӯбаи ҳуқуқи байналмилалӣ дифоъ хоҳад кард, гуфт президент Владимир Путин ҳангоми ироаи паём ба Маҷлиси Федералӣ.
Путин таъкид кард, ки Русия ҳамеша сулҳ ва амнияти шаҳрвандонашро таъмин хоҳад кард.
"Русия ҳамеша роҳи муҳофизати мавқеи худро дар назди он кишварҳое, ки мағрурона тамос мегиранд, меёбад", - гуфт кишвардор.
Вай қайд кард, ки як қатор кишварҳои Ғарб пайваста бесабаб ба Русия "часпида" истодаанд.
"Ин як навъи нави варзиш шудааст", - гуфт президент бо ғазаб.
Ӯ афзуд, ки Русия бо аксарияти кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла бо давлатҳои Урупо дар асоси эҳтироми тарафайн робитаҳо бунёд мекунад.
Ёдрас мешавем ки 21 апрел президенти Русия Владимир Путин ба Маҷлиси Федералӣ паём ирсол кард. Маросим дар толори марказии намоишгоҳи Манеж ҷараён гирифт.