ДУШАНБЕ, 21 апр – Sputnik. Роҳбари Маҷлиси Рӯҳонии Мусалмонони Русия, муфтӣ Албир Крганов ба муҳоҷирон пешниҳод намудааст, ки алайҳи вируси COVID ҳатман ваксин гиранд.
Ба таъкиди ӯ, дар робита бо беҳ шудани вазъи коронавирус дар Русия, барқарор кардани шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ мантиқӣ аст.
"Мо муҳоҷиронро даъват мекунем, ки эм кунанд - ҳам онҳое, ки меоянд ва ҳам онҳое, ки аллакай дар Русия ҳастанд. Барои эмгузаронии муҳоҷирони қонунӣ дар Русия ҳеҷ гуна маҳдудият вуҷуд надорад", - гуфт Крганов дар муколама бо РИА Новости.
Ба гуфтаи муфтӣ, пеш аз ҳама он муҳоҷирон, ки бо мардум тамоси зиёд доранд: ронандагони таксӣ ва хаткашонҳо бояд ваксина бигиранд.
Дар аввали моҳи апрел Ситоди мубориза бо паҳншавии коронавирус гуфта буд, ки Русия ҳоло корфармоёнро барои эмгирии муҳоҷирон муваззаф накардааст.