ДУШАНБЕ, 21 апр - Sputnik. Сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия Валентина Казакова имрӯз зимни нишасати матбуотӣ гуфт, ки масъалаи ифтитоҳи намояндагии мақомоти муҳоҷират дар вилояти Суғд дар ояндаи наздик ҳалли худро пайдо хоҳад кард.
Вай гуфт, ки ба мардуми Тоҷикистон барномаи кӯмак ба кӯчидани ихтиёрии ҳамватанони бурунмарзӣ (переселения) бисёр писанд омадааст ва мардум зиёде аллакай аз он истифода намудаанд.
“Мо ҳангоми боздид аз намояндагии худ дар Тоҷикистон бо мардум суҳбат доштем. Аксари мардуме, ки мехоҳанд аз ин барнома истифода намоянд, нафарони дорои маълумоти олӣ ва мутахассисони баландихтисос мебошанд. Онҳо мехоҳанд шаҳрванди Русия шаванду ба кишвари ман фоидае биёранд”, - зикр кард Валентина Казакова.
Ба ҳамин хотир ман бар онам, ки масъалаи ифтитоҳи намояндагии мақомоти муҳоҷират дар вилояти Суғд дар ояндаи наздик ҳалли худро пайдо хоҳад кард.
Ёдрас мешавем, ки соли 2020, бештар аз дигарон, шаҳрвандии Русияро бошандагони кишварҳои собиқ ИҶШС, аз ҷумла Тоҷикистон қабул карданд, менависад RT бо истинод ба ВКД - и Русия.
Дар давоми соли 2020 - 63,4 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро қабул карданд.
Шаҳрвандони Тоҷикистон аз рӯи шумораи гирандагони шиносномаи русӣ дар ҷои дуввум қарор доранд. 9,7 дарсад, ё 63,4 ҳазор нафар соли гузашта шаҳрванди Русия шуданд.
Қобили зикр аст, ки Русия дар соли 2020 дар додани шаҳрвандӣ ба хориҷиён рекорд гузошт - соли гузашта беш аз 650 ҳазор нафар шаҳрвандони Русия шуданд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2019 дар Русия қонуне ба иҷро даромад, ки тартиби гирифтани шаҳрвандии Русияро барои муҳоҷирони баландихтисос сода мекунад.
Барои дарёфти шаҳрвандии Русия як соли таҷрибаи корӣ дар қаламрави Русия басанда шуд.