КҲФ аз борони шадиду селбориш ҳушдор медиҳад

Ҳавои Тоҷикистону имрӯзу фардо ноустувор мешавад. Боришоти шадиди борону жола дар назар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон якбора бад шудани обу ҳаво пешбинӣ мешавад, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ
“Рӯзҳои 21 ва 22 апрел дар ҷумҳурӣ ҳаво ноустувор шуда, боришоти шадиди борон ва вазиши шадиди бод дар назар аст”, - таъкид мешавад дар хабар.
Гуфта мешавад, шабона дар минтақаҳои баландтар аз 2500 метр барф дар назар аст, дар баъзе ноҳияҳо боришоти шадид, раъду барқ, жола имконпазир аст.
Интизор меравад, ки сатҳи об дар дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳи Ҳисор, дарёҳои Қизилсу, Яхсу, Вахш (Сурхоб) ва Обихингоб мерезанд, боло равад.
Кумита ҳушдор медиҳад, ки давоми ду рӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ ва наздикӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд, вилояти Хатлон ва ғарби ВМКБ фаромадани сел пешгӯӣ мешавад.
Дар ин робита, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ба шаҳрвандоне, ки дар манотиқи доманакӯҳ ва ё кӯҳистонӣ зиндагӣ мекунанд, тавсия додааст, ки ҳар чӣ бештар эҳтиёткор бошанд.
Кумита аз ҷумла даъват намудааст, ки дар рӯзҳои номусоид будани обуҳа, аз чаронидани чорва, ҷамъоварии ҳезум, сайру гашт дар кӯҳҳо худдорӣ карда шавад.