ДУШАНБЕ, 21 апр – Sputnik. Додситонии кулли Тоҷикистон аз муҷозоти қотили Толибҷон Саидови 21-сола дар Русия хабар дод.
Тибқи иттилои додситонӣ, ҷасади Саидов, соли таваллудаш 1998, зодаи шаҳри Конибодом моҳи августи соли гузашта, бо аломатҳои марги маҷбурӣ аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуд.
Манбаъ афзуд, ки аз ҷониби Тоҷикистон барои таҳқиқу муҷозоти гунаҳкорони марги Саидов ба Додситонии кулли Русия дархост ирсол карда шуд.
Дар пайи ҳамкорӣ нисбати гумонбар Раҳимзода К., бо иттиҳоми куштор парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
"Тафтишот муайян кард, ки Раҳимзода дар натиҷаи муноқиша, бо корд ба шиками Саидов як зарба задааст, ки охирон дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар иттилоияи додситон.
Илова шудааст, бо ҳукми додгоҳи шаҳри Нижневартовск Раҳимзода гунаҳгор дониста шуда, ба 7 соли зиндон маҳкум гардидааст. Инчунин бо ҳукми додгоҳ, даъвои граждании наздикони Саидов барои рӯёнидани зарари маъанавӣ ба андозоаи 800 ҳазор рубл қонеъ карда шуд.
Додситонии кулли Тоҷикистон, таъкид намудааст, ки ҳар ҳодисаи марги маҷбурии шаҳрвандон дар хориҷи кишварро таҳти назорати махсус қарор медиҳаду дар оянда низ тамоми чораҳои зарурӣ барои пешгирии чунин ҳодисаҳо андешида хоҳанд шуд.