Заҳролудшавии мард аз решае, ки вазиру раисиҷумҳур онро доруи коронавирус гуфтанд

Марди 63-сола бар асари истеъмоли решаи заҳролуди растании исиқкулӣ, ки ахиран аз ҷониби мақомоти Қирғизистон чун доруи коронавирус муаррифӣ шуд, заҳролуд гардидааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Дар Қирғизистон нахустин ҳолати заҳролудшавӣ аз решаи растании исиқкулӣ, ки онро чун доруи коронавирус муаррифӣ карданд, ба қайд гирифта шуд, хабар дод шабакаи телеграми Sputnik-и хориҷи наздик.
Манбаъ аз қавли расонаҳои маҳаллӣ хабар додааст, ки марди 63-сола шираи решаро барои муолиҷа аз коронавирус нӯшида, дар беморхона бистарӣ шудааст.
Қаблан табобати бемории коронавирус бо решаи растании исиқкулиро раисиҷумҳури Қирғизистон ва Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ пешниҳод карда буданд. Ба гуфтаи онҳо, шираи ин реша беморро аз коронавирус тайи ду - се рӯз халос мекунад.
Русия чаро ба мавҷи сеюми коронавирус рӯбарӯ нашуд? посухи иммунолог
Аммо Кумитаи масоили иҷтимоӣ ба вазири тандурустӣ изҳори нобоварӣ кард, чун ин растанӣ заҳрдор буда, табибони таҷрибадор муолиҷа бо чунин шеваро раво намедонанд.
Facebook низ ба ин шеваи табобат бовар накарду постҳои қаблии Содир Ҷабборов дар мавриди ин тарзи муолиҷа аз СOVID-19 пок кард. Дар ширкат ин гуна изҳоротро дурӯғпароканӣ хонданд, ки ба саломатии инсон хатар дорад.