"Uzbekistan Airways" парвозҳо ба 9 кишварро коҳиш медиҳад

Ширкати Uzbekistan airways аз ҳисоби коҳиши парвозҳо ба 9 кишвар беш аз 12 миллион доллари амрикоиро сарфа хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Ширкати "Uzbekistan Airways" парвозҳоеро, ки хароҷоташонро намепӯшонанд, қатъ хоҳад кард. Дар ин феҳраст аз ҷумла парвозҳо ба Париж, Рим, Милан, Токио, Куала-Лумпур, Бангкок, Ҷакарта, Бомбей ва Амритсар зикр шудаанд.
Гузориш дар бораи ихтисори парвозҳоро ахиран шабакаи телевизионии "Узбекистан 24" нашр кард.
“Мо боз метавонем сафар кунем”: рақси зебои халабонҳо ва меҳмондорони ҳавопаймо
Ташаббуси мазкур зимни муаррифии чораҳо барои таҷдиди сохтори ҷамъиятҳои саҳомии "Uzbekistan airways" ва "Uzbekistan airports" эълон карда шуд.
Таъкид шудааст, ки лағви парвозҳо дар масирҳо ба 9 кишвари ҷаҳон имкон медиҳанд, ки ширкат ҳарсола то 12,3 миллион доллар сарфа кунад.
Гуфта мешавад, ки иқдом даро ҳамкорӣ бо коршиносони Бонки ҷаҳонӣ амалӣ хоҳад шуд. Таъкид гардидааст, ки парвозҳо аллакай аз моҳи майи соли равон ихтисор хоҳанд шуд.