ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Душанбе мулоқоти Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон бо Усома Маккавӣ, роҳбари Фонди Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон баргузор гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Платаи савдо ва саноат.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқоти корӣ ҷонибҳо дар бораи вазифаҳо ва нақшаҳо барои соли 2021 табодули назар карданд.
Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар бораи тасҳеҳи фаврии фаъолияти Палата оид ба дастгирии самарабахш ба бахши хусусӣ дар заминаи пандемияи COVID-19 изҳори назар кард.
Дар навбати худ, Усома Маккавӣ аҳамияти иштироки бахши хусусиро дар расонидани кӯмаки устувор ба кӯдакони Тоҷикистон тавассути беҳтар намудани таҳсилот, ташаккул ва ҷорӣ намудани пояҳои тарзи ҳаёти солим ва дигар омилҳои муҳими рушд ва ташаккули ҷавонон таъкид намуда.
Ӯ қайд намудааст, ки кӯдакон ояндаи Тоҷикистонанд ва ниёз ба кумаку дастгирӣ доранд.
Ҳамзамон қайд шудааст, ки дар мулоқот инчунин мавзӯи пешгирии норасоии йод дар Тоҷикистон тавассути йодноккунии намак – раванди ғанисозии намак бо йод бо мақсади пешгирии бемориҳои норасоии йод дар кӯдакон ва калонсолон мавриди баррасӣ қарор гирифт.