ДУШАНБЕ, 20 апр - Sputnik. Собиқ президенти Амрико Доналд Трамп дар мусоҳиба бо Fox News изҳор доштааст, ки номзадии худро дар интихоботи навбатии соли 2024 барои як давраи нави президентӣ пешбарӣ мекунад.
Трамп тавзеҳ дод, ки аз нигоҳи қонунӣ, намехоҳад дар ин бора ҳоло таваққуф кунад, "чун интихоботи нав ҳанӯз "хеле дур" аст".
Ҳамзамон, президенти собиқ боварӣ дорад, ки ин навбат ҳатман пирӯз мешавад. Ба таъкиди ӯ, дар интихоботи қаблӣ аз номзадии ӯ дасти кам 75 миллион раъйдиҳанда ҷонибдорӣ кард.
"Ҳоло сафи онҳо ба маротиб бештар аст ва дастгирии мардумро бештар эҳсос мекунам", - афзудааст собиқ кишвардори ИМА.
Ёдовар мешавем, ки интихоботи раёсатҷумҳурӣ дар Амрико рӯзи 3 ноябри соли гузашта баргузор шуд, ки ба бохти Доналд Трамп президенти он замон анҷом ёфт.
Дар интихобот номзад аз Ҳизби демократҳо Ҷо Байден бо касби раъйи бештар ҳарифи худ Доналд Трампро шикаст ва ғолиби ин маъракаи муҳими сиёсӣ гардид.
Зимнан, пас аз сари қудрат омадани Байден муносибатҳои ИМА ва Русия якбора сардтар шуд.
Ҷо Байден ҳатто дар як мусоҳиба кишвардори Русияро "қотил" номид ва ҳушдор дод, ки Владимир Путин барои мудохила ба сиёсати Амрико ҳатман ҷавоб медиҳад.