ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи ҷамъбастии се моҳаи фаъолияти оперативӣ-хизматӣ баргузор кард.
Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, дар ҷаласаи мазкур фаъолияти мақомоти корхои дохилии ВМКБ дар се моҳи аввали соли 2021 ва вазифаҳои навбатӣ барои семоҳаи дуюми соли 2021 таҳлил шуд.
Гуфта мешавад, ки дар рафти ҷаласа бобати беҳдошти саломатии шаҳрвандон, истифодаи оқилонаи нерӯи барқ ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлол ва таъмини муҳофизати марзу буми кишвар, таъкид гардид.
Дар зимн, диққати масъулини соҳа ҷиҳати боло бурдани савияи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирии омилҳои зишту номатлуб дар ҷомеа ҷалб карда шуд.
Дар зимн, диққати масъулини соҳа ҷиҳати боло бурдани савияи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирии омилҳои зишту номатлуб дар ҷомеа ҷалб карда шуд.
Манбаъ афзуда, ки вазири корҳои дохилӣ барои пешгирии сатҳи ҷиноятсодиркунӣ, мубориза бо терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, мусодираи силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ ва пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа як қатор дастуру супоришҳо дод.
Ҳамчунин вазир ба масоили муомилоти ғайриқонунии сангҳои қимматбаҳо, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, шикори ғайриқонунии ҳайвонҳои нодир, нӯшокиҳои спиртии пастсифат, дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои сиёсии дар пешистода ва ҷашнҳо, танзими анъана ва ҷашну маросим дахл кардааст.