ДУШАНБЕ, 20 апр - Sputnik. Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) радабандии нави ҷудокорони ҷаҳонро қабл аз баргузории ду мусобиқаи ниҳоӣ баҳри дарёфти имтиёзҳои олимпӣ нашр кард.
Тибқи радабандии нашргардида Сомон Маҳмадбеков бо касби 3580 имтиёз дар садри рӯйхати ҷудокорони тими мунтахаби Тоҷикистон қарор дорад.
Дар радабандии олимпии ҷудокорони ҷаҳонӣ бошад, Сомон дар мақоми 15-уми имтиёздорони вазни 73 кг ҷой гирифтааст.
Ҳамзамон дар вазни мазкур паҳлавони дигари тоҷик Беҳрӯзи Хоҷазода бо касби 2796 имтиёз дар мақоми 25 мавқеъ гирифтааст.
Паҳлавони сангинвазни тоҷик Темур Раҳимов бо касби 3009 имтиёз як зина болотар аз бистгона, дар мақоми 21-ум қарор дорад.
Комроншоҳ бо 2784 имтиёз дар мақоми 20-уми бистгонаи вазни -90 кг қарор дорад. Ҳамин тариқ, аз Тоҷикистон ҳоло танҳо ду варзиш Сомон Маҳмадбеков ва Комроншоҳи Устопириён дар бистгонаи вазнҳои худ қарор гирифтаанд.
Аммо тибқи маълумоти Федератсияи ҷудои мамлакат дар як вазн танҳо нафари дар радабандӣ мақоми болотар дошта соҳиби роҳхати олимпӣ мегардад.
Бояд хотиррасон намуд, ки тибқи қоидаҳои амалкунандаи Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) танҳо 18 нафар беҳтаринҳои радабандии ҷаҳон ва бо шарти аз як давлат як нафар соҳиби роҳхати мустақими бозиҳои олимпӣ мегарданд.